Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Баъди буридани лентаи рамзии иншооти навбунёд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи онро боз як қадами муҳиму боварибахш дар пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Хотиррасон бояд кард, ки 7 сентябри соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ санги асос гузошта дастур дода буданд, ки бино то рӯзҳои таҷлили чашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шавад.
Бинои мазкур бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида маблағи сохтмони он тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ беш аз 47 миллиону 409 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ барои хариди таҷҳизот 17 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Бино дар маркази шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 6586 метри мураббаъ бунёд шуда, аз 9 ошёна ва 45 утоки корӣ иборат аст.Харҷи сохтмони бинои нави Сарраёсати консулӣ ва хариди таҷҳизоту технологияи муосиртарини корӣ пурра аз ҳисоби маблағҳои даромадҳои консулӣ анҷом дода шудааст.
Дар ошёнаҳои аз 1 то 9 — уми раёсат утоқҳои кории шуъбаҳо, идораҳои раёсат, толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст, китобхона ва синфхонаҳои дарсӣ ҷойгир карда шудааст.
Ба ғайр аз утоқҳои барҳавои корӣ, ки бо шароити замонавӣ барои коргузорӣ бунёд шудааст, дар таҳхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои нақлиёт, ошхона бо 50 ҷойи нишаст, анборхона, зеристгоҳи барқӣ ва дигар утоқҳои техникӣ ҷойгир шудааст. Барои дар ҳама фасли сол муътадил нигоҳ доштани ҳарорати дохили бино он бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир таъмин гардидааст.
Дар ошёнаи якум утоқи қабули меҳмонон, муштариён ва 8 утоқи иҷозатномадиҳӣ сохта шудааст ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй аст.
Лоиҳакаш Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ПИЛҶ САНИИОСП, Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжон мей” мебошад. Бинои Сарраёсати консулӣ бо тарҳи зебои меъморию орооишоти миллӣ сохта шуда бо шаҳомати хоси худ ба симои пойтахт ҳусни тоза зам кардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаҳои алоҳидаи бинои нав бо шароиту имкониятҳои муосири корӣ бевосита шинос шуда аз сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳу услуби бунёди он изҳор қаноатмандӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи он нафароне, ки дар беҳбуд бахшидани кори хизмати консулӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолияти кормандони соҳа саҳм гузоштаанд, изҳори сипосу минатдорӣ карда ин амали онҳоро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.
Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дигари минтақа ва доираи ИДМ дар пешбурди кори консулӣ, низоми раводид ва шиносномаҳои биометрию электронӣ аз ҷумлаи давлатҳои пешсаф буда бо ин мақсад дар раёсатҳои дахлдори Сарраёсати консулӣ навтарин таҷҳизоти ҷаҳонӣ дастрас карда шудааст.
Умуман тамоми хизматҳои консулӣ дар Тоҷикистон тариқи электронӣ сурат гирифта дар бинои нави Сарраёсати консулӣ низоми хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла навбати электронӣ, назорати видеоию электронӣ ва ғайраи дигар ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароитҳои корӣ дар бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар масъулони соҳаро барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонии консулӣ ва ҷалби мутахассиони ҷавону лаёқатманди забондон ба корҳои дипломатӣ вазифадор карда таъкид намуданд, ки хизмати босифат ва софдилонаи ҳар як корманди масъули Вазорату Сарраёсати консулӣ дар пешбурди сиёсати бобарори хориҷии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани шуҳрату эътибори давлату миллати тоҷик дар асраи байналмилалӣ нақши муҳим мегузорад.