Хабар

Мулоқоти Пешвои миллат бо Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» ҷаноби Пиетро Салини

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» ҷаноби Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар соҳаи гидроэнергетика, хусусан ҳамкорӣ дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун баррасӣ шуд.

Мулоқоти Пешвои миллат бо ҳайати Шӯрои директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳайати Шӯрои директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ба ҳузур пазируфт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти молиявӣ, ки солҳои охир зина ба зина густариш меёбад, изҳори қаноат карда, ташрифи ҳайати бонуфузи бонкро омили муҳими таҳкими робитаҳо маънидод намуд.

Оғози имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ

Имрӯз, дар 43 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон иштироки зиёда аз 12 ҳазор довталаби азқайдгузашта дар назар аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки   соли 2016 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 83 500 нафарро ташкил мекунад.

Страницы