Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими аз нав ба фаъолият оғоз намудани Қисми ҳарбии 02011Б-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ноҳияи Дарвоз иштирок намуданд.
Қисми низомии мазкур пас аз таъмиру тармими пурра, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки феълан дар он барои сарбозону афсарон шароити муосири хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Корҳои таъмиру тармим ва муҷаҳҳазсозии ин воҳиди низомӣ бо назардошти мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии он сурат гирифта, барои тамоми фаслҳои сол, махсуусан сардии аз меъёр зиёди ҳаво мутобиқ кунонида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда дар ин қисми низомӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуданд ва бо афсарону сарбозон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Тавре маълум гашт, хобгоҳҳои сарбозон низ дар дохили қисми низомӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, дар дохили бинои он китобхона ва хонаи хизматӣ-маишӣ ҷой дода шудааст. Вобаста ба шароитҳои мавҷудаи қисми низомии мазкур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбияи сарбозон, бахусус наваскарон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва руҳану ҷисман омода намудани онҳо барои ҳифзи марзу буми ватан ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин дар ин қисми низомӣ ошхонаи кушоду барҳаво, майдончаҳои ҳарбиву тактикӣ ва варзишӣ, марказҳои таълимӣ ва дигар иншооти хидматии ҳайати шахсӣ дар сатҳи баланд ва бо меъёрҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардидаанд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар ин қисми низомӣ Ротаи таъиноти махсуси лижаронҳо амал мекунад, ки ҳайати шахсии он омодагии хуби ҷангӣ дошта, дар фасли зимистон, бахусус ҳангоми зиёд гардидани барф, имкон доранд вазифаҳои ҷангиашонро саривақт ва муваффақона иҷро намоянд.
Дар ҳудуди қисми низомии мазкур инчунин як бинои истиқоматӣ бо шароити зарурии зист низ сохта шудааст, ки дар он афсарон бо оилаҳои худ иқомат менамоянд. Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво ва дар назди ҳавлии бинои мазкур барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ як майдончаи дилхушии кудакона низ бунёд ёфтааст.
Қобил ба тазаккур аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон, тайи чанд соли охир дар саросари мамлакат, як қатор бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, комиссариатҳои ҳарбӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои афсарон ва оилаҳои онҳо ва дигар иншооти ёрирасони низомӣ бунёд карда шудаанд.
Пас аз шиносои бо шароити Қисми низомии 02011-и Вазорати мудофиа Президенти мамлакат дар назди сарбозону афсарон сухнронӣ намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ афсарону сарбозонро ба хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи халқу Ватан даъват намуданд.
Дар фарҷом афсарону сарбозони қисми низомии мазкур зери оҳанги Оркестри ҳарбии нафасӣ аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гузаштанд.