Хабар

Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!
Моҳи шарифи Рамазонро, ки фардо оғоз мегардад, ба кулли мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям.
Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкориву қаноатро меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад.
Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурӯтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро ба назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад.

Пешвои миллат аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз кирдорҳои номатлуби ҷаҳони муосир худдорӣ намоянд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, аз намояндагони ин қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал овард, ки аз кирдорҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла узвият ба ҳар гуна ташкилоту созмонҳои террористию ифротгароӣ ва нашъамандию ҷинояткорӣ худдорӣ карда, бештар ба донишандӯзӣ, корҳои илмию озмоиш

Страницы