Хабар

Ваҳдат: Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи Иди саиди Фитр

Дар арафаи Иди саиди Фитр ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ муддати як ҳафта инҷониб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Ҷамъияти матлуботи шаҳр дар назди бозорҳои Ҷамъияти матлубот ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти гуштӣ ташкил шудааст, ки сокинони шаҳр маҳсулоти дилхоҳашонро бо нархи арзон дастрас намуда истодаанд.

Зарари заминҷунбӣ ва кумакҳо ба зарардидагони ноҳияи Рашт

Рӯзи якуми июли соли равон дар ноҳияи  Рашт тақрибан соати 20:00 вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ бо қувваи 5 балл ба амал омад, ки дар натиҷа деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалони ноҳия зарар дида буд. Тибқи иттилои корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Нуъмоншо Исматов дар ҷамоатҳои мазкур 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва 30 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидааст.

Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» ҷамъбаст гардид

Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» дар шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷамъбаст гардида, ба  даври дуюми он, ки моҳи августи соли равон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Кӯлоб, Вахш, Рӯдакӣ, Файзобод, Ҳисор, Тоҷикобод, Роғун ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гирифтани  баҳои баланди ҳакамон роҳ ёфтанд.

Страницы