Шаҳри Душанбе дар соли 2016 миёни 6 шаҳри баргузидаи ҷаҳон, ба монанди Рим, Афина, Ашқобод, Боку ва Бишкек дар озмуни ҷаҳонӣ ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим» сазовор дониста шуд. Ин мужда зимни баргузории Намоиши байналмилалии «Рассомон баҳри сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» дар шаҳри Душанбе баён гардид.
Зимни супоридани Ҷоиза мушовири Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ченг Гуопинг чунин иброз дошт: «Шаҳри Душанбе барои таъмини суботу оромӣ, амнияту хизматрасонии осоиштаи қишрҳои ҷомеа, гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо ҷоизаи мазкур сарфароз гардонида шуд».
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҷоизаи байналмиллалии шаҳри Душанбе набуда, он соли 2004-ум бо Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар солҳои 2002-2003 барои саҳми намоён дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамраъйӣ дар ҳаёти ҳамарӯза сарфароз гардида буд.
АМИТ «Ховар»