Хабар

Ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб

Расо соати 6-и пагоҳии рӯзи 24-августи соли 2016 нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани пойтахт бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар самти Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ба роҳ баромад.

Раддияи маркази матбуоти ҚС КДАМ ҶТ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, соати 02.00-и 21-уми августи соли ҷорӣ, зимни амалиёти муштараки марзбонони тоҷик ва Шӯъбаи КДАМ ҶТ дар минтақаи сарҳадии «Сайёд»-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи 9-нафараи қочоқчиёни афғон, ки кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд, пешгирӣ гардид.

Тоҷикистон дар ҷадвали шумораи медалҳо ба ҳар узви дастаи олимпӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро гирифт

Тоҷикистон дар ҷадвали шумораи медалҳо бар сари ҳар узви дастаи олимпӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро гирифт! Дар ин феҳраст медали тило 4, нуқра 2 ва биринҷӣ 1 хол шумурда шудааст.

Страницы