Хабар

Норак: Мулоқот ба хотири пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ

13 октябри соли равон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо мақсади баррасӣ намудани мавзӯъҳои мубрами рӯз бо аҳолии чамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм, иштироки ҷавонон дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ, амалишавии қонунҳо ва дигар масъалаҳо ибрози назар карданд.

Ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода мешавад

 Нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор мегардад.Ҳайати расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои иштирок дар ҷаласаи мазкур субҳи имрӯз вориди Душанбе шуда, давоми ду рӯз бо роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳолат, дурнамо ва роҳҳои тақвият бахшидани ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ми

Қоҳир Расулзода: «Дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ба 7,8 % баробар шуда, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардид»

«Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодии давраи гузариш ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид.

Страницы