Тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Тибби исботшуда дар таҷрибаи клиникӣ»

Тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Тибби исботшуда дар таҷрибаи клиникӣ» дирӯз дар Маркази захираҳои исботшудаи тиб (МЗИТ) баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.
«Тренинги мазкур баҳри баланд бардоштани савияи дониши ординаторони клиникӣ оид ба истифодаи самараноки асосҳои тибби исботшуда дар амалияи клиникӣ равона гардида, дар он зиёда аз 15 нафар ординаторони клиникии соли аввали таҳсил иштирок доштанд»,- зикр намуд манбаъ.
Бино ба маълумоти манбаъ, пеш аз оғози тренинг аз иштирокчиён ба таври тестӣ санҷиш гирифта шуд. Маълум гардид, ки аксарияти ординаторони клиникӣ оид ба тибби исботшуда маълумоти кофӣ надоранд.
Дар тренинг ба ординаторон оид ба мавзӯъҳои мубрами тибби исботшуда- «Тибби исботшуда ва таҷрибаи клиникӣ», «Дизайни тадқиқоти илмӣ», «Таҳияи суол ва ҷустуҷӯи маълумоти эътимоднок», «Ҷустуҷӯ ва додани баҳои критикӣ ба маълумот», «Дастурамалҳои клиникӣ» ва «Тибби исботшуда ва рекламаи тиббӣ» иттилои васеъ пешниҳод гардид.
«Тренинги омӯзишӣ дар 5 марҳила байни ординаторони клиникии соли аввали таҳсил гузаронида мешавад»,-хабар дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: