Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президенти Ӯзбекистон пирӯз шуд

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентӣ 88,61 дарсад овоз гирифта, пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов зимни нишасти хабарӣ эълон кард.
Ба гуфтаи ӯ, ба номзади Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон 15 миллиону 900 ҳазор нафар интихобкунандагон овоз доданд.
Сарвазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев номзади асосӣ барои пирӯзӣ маҳсуб мешуд. Ӯ пас аз фавти президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки аз соли 1989 инҷониб дар сари қудрат буд, и.в президенти ин кишвар таъйин гардид.
Дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботиаш Мирзиёев эълон дошт, ки роҳи Каримовро идома медиҳад. Сарвазир пешниҳод менамояд, ки мақоми берун аз блокии кишвар нигоҳ дошта шуда, инчунин дар ҳудуди кишвар ба ҷой кардани пойгоҳи ҳарбии хориҷӣ ва будубоши низомиён берун аз он роҳ дода нашавад. Ӯ низ мисли Каримов ҷонибдори рушди муносибатҳо бо кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама, бо Русия мебошад. Ҳамзамон ӯ ба аз сари нав роҳандозӣ намудани муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя дар минтақа машғул шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: