Хабар

Парлумон: Шахсони дорои душаҳрвандӣ дар мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон ба кор қабул намешаванд

Минбаъд шахсе корманди мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва забони давлатиро донад. Дар робита ба ин масъала 2 ноябр вакилони Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Туркия дар марзи Ироқ неруҳои иловагӣ ҷой мекунад

Артиши Туркия рӯзи сешанбе ба ҷой кардани мошинҳои зиреҳпӯш ва дигар техникаҳои ҳарбӣ дар деҳаи Силопии музофоти Ширнак дар наздикии марзи Ироқ шурӯъ кард. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба шабакаи телевизионии «CNN Turk» хабар медиҳад. Чанде пеш вазири корҳои хориҷии ин кишвар Мавлуд Човушоғлу эҳтимолияти гузаронидани амалиёти заминиро бар зидди террористон дар шимоли Ироқ, дар сурати сар задани таҳдид ба амнияти Туркия истисно накард.

Нархи нафти тамғаи Brent барои як баррел аз 48 доллари ИМА поён рафт

Шоми рӯзи сешанбе, 1 ноябр, нархи нафти тамғаи Brent то ҳадди минималии моҳи гузашта поён рафт. Аз моҳи сентябр инҷониб нархи «тиллои сиёҳ» бори нахуст то 48 доллар ба як бушка афтид.
Вале рӯзи чоршанбе, 2 ноябр соати 02:37 ба вақти душанбе нархи нафти тамғаи Brent 1,5 дарсад то 47.90 доллари ИМА ба як бушка поён рафт.

Страницы