Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо Сафири Мамлакати Арабистони Саудӣ

Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили марбут ба муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо татбиқи мувофиқаҳои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳосилшударо дар рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ карда, барои роҳандозии татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳу кўпрукҳо ва расонидани кумакҳои башардўстона ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва беҳтар гардонидани кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: