Дар Вазорати фарҳанг доир ба масъалаҳои рушди минбаъдаи фарҳанг ва санъат ҳамоиш доир мегардад

16 декабри соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии масъалаҳои рушди минбаъдаи фарҳанг ва санъат ҳамоиш баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, дар ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, собиқ вазирони фарҳанги кишвар, коршиносони соҳаи фарҳанг ва санъат иштирок мекунанд.
«Мавзӯъҳои асосие, ки дар ҳамоиш матраҳ мешаванд, рушди соҳаи фарҳанг, дастовардҳо ва мушкилоти театри муосири тоҷик, роҳҳои рушди драматургияи тоҷик дар марҳилаи муосирро дар бар мегиранд. Равиши эстетикии театри тоҷик, мушкилоти жанрҳои опера ва балет дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, инкишофи санъати актёрӣ дар марҳилаи кунунӣ, рушди соҳаи китобдорӣ аз мавзӯъҳои дигаре мебошанд, ки дар ҳамоиш мавриди баррасӣ қарор мегиранд»,- иттилоъ дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: