Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиктистон ҷаласаи мушовара оид ба фаъолияти Агентӣ дар соли 2016 ва вазифаҳо барои рушди соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2017 баргузор шуд.
Муовини якуми директори Агентӣ Назокат Одиназода оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар соли 2016 гуфт: «Дар соли 2016 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 2 млрд. 186,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118,7 млн. сомонӣ ё 5,4 фоиз зиёд мебошад. Қисми хароҷоти он 2 млрд. 210 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 246,3 млн. сомонӣ ё 11,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ин барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву ташкилот аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ 2 млрд. 120,4 млн. сомонӣ равона карда мешавад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 224,8 млн. сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд мебошад».
Талаботи пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ сари вақт аз рӯи реҷаи тасдиқгардида то охири соли 2016 пурра маблағгузорӣ карда мешаванд.
Бо назардошти таъмин нагардидани қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои маблағгузории саривақтии нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 436 млн. сомонӣ ҷудо гардид.
Дар соли равон ҷиҳати татбиқи барномаҳои сиёсати шуғл, аз ҷумла пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ, пардохти идрорпулии шаҳрвандони бекор, ки тавассути роҳхатҳои мақомоти мазкур ба тайёрии касбӣ сафарбар карда шудаанд, барои тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон ва ташкили корҳои ҷамъиятии музднок барои бекорон ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 13,5 млн. сомонӣ ва барои татбиқи чорабиниҳои иттифоқи касаба ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 6,4 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар»