Хабар

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 дар ноҳияи Восеъ

Дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба истифода додани беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ иштирок намуданд.

Шиносоии Сарвари давлат бо дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Восеъ ва расму оинҳои миллию ҳунарҳои мардумӣ

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Восеъ ва расму оинҳои миллию ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби хоҷагидорон ва ҳунармандону кадбонуҳо дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд.

Страницы