Хабар

Доналд Трамп дар интихоботи президентии ИМА пирӯз шуд

Номзад ба мансаби президенти ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар интихобот ғолибият ба даст овард. Дар ин бора агентии «Ассошиэйтед Пресс» хабар медиҳад.

«Доналд Трамп президенти ИМА интихоб шуд», — гуфта мешавад дар иттилоия.

Маросими савгандёдкунии наваскарон дар «Майдони Қаҳрамонон»-и Конибодом

Дар «Майдони Қаҳрамонон»-и шаҳри Конибодом барномаи идона ва маросими савгандёдкунии наваскарони қисми низомии 04080 доир гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, наваскарон дар назди иширокдорон дар вазъияти тантанавӣ савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Қаҳҳорҷон Ҳасанов ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он даъват кард.

Страницы