Аз Паём то Паём: Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 (300 мегаватт) ба маблағи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад. Ин нукта 20 январи соли равон дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буд.
8 декабри соли равон Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Хишти аввали сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 мегаватт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.
Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 17 миллиону 443 ҳазор доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пудратчии асосии сохтмон ширкати ТВЕА-и Чин мебошад.
Таъкид гардид, ки татбиқи он барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами муҳиму назаррас мебошад.
Ҳамин тавр баробари ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 бо иқтидори 300 мегаватт, иқтидори умумии он якҷоя бо навбати аввал ҳамагӣ 400 мегаваттро ташкил медиҳад.
Татбиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, барои таъмини боэътимоди неруи барқ ва гармӣ дар шаҳри Душанбе равона гардида, дар оянда иқтидори саноатии шаҳри Душанбе ва иқтидори саноатию аграрии ноҳияҳои тобеи марказро баланд мебардорад.
Баробари бунёди марказ беш аз 700 нафар сокинони маҳаллӣ, бахусус ҷавонони ихтисосманд бо кори доимӣ таъмин шудан

АМИТ «Ховар»

Tags: