17 декабр дар шаҳри Роғун бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, собиқадорону кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр се иншооти нав ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дарвоза дар даромадгоҳи шаҳри Роғун сохта шуда, навсозии кӯчаи сохтмончиёни шаҳр ва навсозии бинои комбинати хизмати маишӣ анҷом дода шуд. Комбинати хизмати маишӣ пас аз навсозӣ ба маркази ҷавонон табдил дода шуда, дар он минбаъд шуъбаи САҲШ, раёсати молия, маориф, ҳифзи иҷтимоии шаҳр ва рӯзномаи «Нури Роғун» фаъолият мекунанд.
«Дарвозаи даромадгоҳи шаҳри Роғун аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бо маблағи 1 млн 14 ҳазору 947 сомонӣ ва навсозии кӯчаи сохтмончиёни шаҳр ва васеъ намудани он бо маблағи 9 млн 244 ҳазору 546 сомонӣ ба истифода дода шуд. Инчунин бинои комбинати хизмати маишӣ навсозӣ шуда, он ба маблағи 6 млн 915 ҳазору 165 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур аз се ошёна бо таҳхона ва ошёнаи манзарадор иборат буда, масоҳати умумии он 3170 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он бо таҷҳизоти замонавию гармидиҳӣ ҷиҳозонида шудааст»,-иттилоъ дод мудири шуъбаи сохтмони шаҳри Роғун Ҷунайдулло Шарипов.
«То ин муддат муассисаҳои мазкур дар биноҳои истиқоматии шаҳр фаъолият мекарданд ва ҳамеша ба мушкилӣ дучор мешуданд. Хушбахтона, имрӯз зиёда аз 10 муассисаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соҳиби ҳуҷраҳои кори доимӣ ва таҷҳизоти замонавӣ гардиданд»,- иброз намуд муовини раиси шаҳри Роғун Фирӯза Файззода.
АМИТ «Ховар»