Хабар

Иштироки Пешвои миллат дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим»

Меҳмонони гиромӣ!
Дӯстони азиз!

Фарҳанг барои инсоният муҳимтарин арзиши маънавӣ маҳсуб ёфта, ба такмили завқи зебоипарастии ӯ мусоидат мекунад. Ба шарофати фарҳанг муносибати байниҳамдигарии одамон беҳтар ва оромиву осоиш дар ҷомеа устувор мегардад.

РӮЗИ МИЛИТСИЯ ДАР КОХИ ВАҲДАТ : онҳо ба таҷлили бошукуҳи ин ид сазоворанд

Дирӯз, 10 ноябр, дар толори Кохи Ваҳдати пойтахт бахшида ба Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода  ифтитоҳ намуда, тамоми кормандону собиқадорони милитсия ва меҳмононро бо ин ҷашни бошукӯҳи касбӣ табрику таҳният гуфт ва  ба ҳамагон муваффақияту бурдборӣ ва комёбиҳои беназир орзу намуд.

Страницы