Хабар

Ташрифи гурӯҳи коршиносони барномаи «Мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ»

Гурӯҳи коршиносони барномаи «Мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ» (БОМКА) баҳри кӯмак расонидан дар беҳтар намудани реҷаҳои ҳаракат дар сарҳадоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварданд. Дар ин бора аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки барнома аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шудааст.
Дар доираи барнома ҳамкорӣ байни сарҳадбонони маҳаллӣ, мақомоти маҳал ва ҳифзи ҳуқуқ дар сарҳад баррасӣ шуд.

Ба муносибати 100-солагии Ғаффор Валаматзода конфронси байналмиллалии «Рақс ҳамчун падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» доир гардид

Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ғаффор Валаматзода конфронси байналмилалии илмии «Рақс ҳамчун падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид.

Страницы