Симпозиуми Ҳаким Тирмизӣ меҳмонони дохиливу хориҷиро дар Душанбе ба ҳам овард

Симпозиуми байналмилалии илмии «Арзишҳои таърихию фарҳангии замони Ҳаким Тирмизӣ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ» бахшида ба 1250-солагии зодрӯзи донишманд ва мутафаккири бузург Абӯабдулло Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн Ҳаким Тирмизӣ (755-869) имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс оғоз бахшид.
Франсис Ричардс, намоянда аз Фаронса зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки Тирмизӣ як инсони фавқулода буд. «Падари Тирмизӣ мусулмон буд ва ӯ дониши аввалро аз падар гирифта буд. Масири ирфонии Тирмизӣ барои муҳаққиқон ва олимон хеле ҷолиб ва омӯхтанист»,-илова намуд мусоҳиб.
Иброҳим Усмонов, намоянда аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баён дошт, ки Ҳаким Тирмизӣ шахси хеле машҳур аст ва ба қалами ӯ 404 асари хурду калон тааллуқ доранд. «Аз ҷумла «Наврӯзнома» ва «Солнома» асарҳои машҳури ин хакими бузург мебошанд. «Наврӯзнома» натиҷаи таҳқиқоти бисёрсолаи Ҳаким Тирмизӣ ба шумор меравад. Ҳар сол дар Самарқанд ва Бухоро ба хотири бузургдошти алломаҳои бузург ва шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Ҳаким Тирмизӣ ҳамоишҳои калон баргузор мегарданд»,-афзуд И. Усмонов.
Бояд гуфт, ки дар кори симпозиум олимону муҳаққиқон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Франсия ва Россия иштирок доранд.
Дар симпозиум маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои «Густариши андешаҳои ҳакимонаи Ҳаким Тирмизӣ дар сарчашмаи қадимии форсии «Китоб-ал-иршод», «Ҳаким Тирмизӣ ва диди ӯ доир ба авлиёҳо», «Вазъи илм дар замони Ҳаким Тирмизӣ», «Имом Тирмизӣ- чеҳраи намоён дар ҳадисшиносӣ», «Фазои маънавии замони Ҳаким Тирмизӣ», «Тиб дар бостон ва то замони Сомониён» ва ғайра баррасӣ мегарданд.
Кори симпозиум то бегоҳ идома меёбад.

АМИТ «Ховар»

Tags: