«Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»- ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Паёми Пешвои миллат

Пагоҳ, 22 декабр Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Чун анъана Паёми навбатӣ тавассути тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мустақиман пешкаши мардум мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин рӯз дар маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» барои тамошои ҷараёни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тавассути монитори калон барои 300 нафар ҷавонони фаъол шароит муҳайё мегардад.
Ҳамчунин дар ин рӯз баъд аз анҷоми ироаи Паёми Пешвои миллат ҳамоиши тарғиботӣ дар мавзӯи «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Дар он ҷавонони фаъол ба аҳолӣ буклетҳо, нишони сарисинагӣ ва тақвимҳои кисагӣ тақсим мекунанд.

Tags: