Вохўрии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва кишвари Олтойи Русия дар мавриди густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар намояндагии «Россотрудничество» баргузор мегардад
Опубликовано пн, 21/11/2016 - 16:49 пользователем tvtВохўрии доираҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Олтойи Федератсияи Русия дар мавриди густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ пагоҳ, 22 ноябр дар намояндагии «Россотрудничество» баргузор мегардад.
Ба ҳайати кишвари Олтой намояндагон ва роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Олтой, ширкатҳои бонуфузи ин кишвар, аз қабили ҶДММ «Алкей», ҶДММ «СистемСервис», ҶСК «Торговый дом «Велес», ҶДММ «Одуванчик» ва дигар ширкатҳои маъруфи саноатӣ шомил мебошанд.