Хабар

Қабули эътимоднома аз 14 сафири нав

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 Сафири Фавқулодда ва Мухтори кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.

Дар китобхонаи ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон китобҳои тозанашр муаррифӣ шуданд

Дар китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон муаррифии китоби тозанашри Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» баргузор гардид. 
«Иштирокдорон пеш аз оғози маҳфил аз намоиши китоб дар мавзӯъҳои «Пешвои мо- ифтихори мо» ва «Чеҳраҳои мондагори таърих» дидан намуданд»,-хабар дод манбаъ.

Имрӯз дар Бишкек ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба доир мегардад

Имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба баргузор мегардад.
Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин ҷаласа бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим иштирок мекунад.

Страницы