Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон доир мешавад
Опубликовано ср, 23/11/2016 - 13:06 пользователем tvtБо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Лаҳистон 25-уми ноябри соли равон соати 11:00 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор мегардад.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, дар вохӯрӣ ширкатҳои бузург дар соҳаи фарматсевтика, таҷҳизоти истеҳсолии тиббӣ ва ширкатҳои фурӯши тачҳизоти тиббии Лаҳистон ширкат хоҳанд кард.