«Парчами миллӣ-рамзи ҳувиятсози тоҷикон»-ҳамоиш дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот
Опубликовано вт, 22/11/2016 - 16:48 пользователем tvtПарчами миллӣ-рамзи ҳувиятсози тоҷикон»-таҳти чунин унвон имрӯз, 22 ноябр дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил баргузор гардид.
Директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода баён намуд, ки парчам аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу истиқлол ва нангу номус буд.