Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд»

Аз рӯзе, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд».

Сармои шадид дар ҷумҳурӣ то охири ҳафта боқӣ мемонад

Хунукии шадид ва ҳарорати пасти ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон то охири ҳафта боқӣ хоҳад монд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, аз 24 то 26 ноябр эҳтимоли боридани барф идома ёфта, ҳарорати ҳаво рӯзона 4-8 дараҷа ва шабона 7-11 дараҷа хунук мешавад. 27 ноябр ҳаво мӯътадил гашта, сардии ҳарорати ҳаво паст хоҳад шуд.

Ягон рамзи миллӣ дар ҷаҳон бузургтар аз парчам нест

Дар таърихи башарият ливо, парчам, дирафш аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода бурда мешуданд. Парчамдорию парчамбардорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз пеш аз замони Сосониён, баъд аз он, ки Коваи оҳангар пешдомани худро парчам карда, ба муқобили душманон хест, ба расмият даромад.

Страницы