Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи ҶТ доир гардид
Опубликовано чт, 24/11/2016 - 15:44 пользователем tvtИмрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат — Раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори он аъзои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ташкилоту иттифоқҳои ҷамъиятии мамлакат ва созмону ниҳодҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.