Аз 5 январи соли равон дар саросари мамлакат маҳдудияти рӯзонаи барқ пурра аз байн бардошта мешавад.
Ба иттилои ШСХК «Барқи тоҷик», шурӯъ аз 5 январи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ интиқоли неруи барқ зиёд шуда, аз соати 5-и субҳ то 22-и шаб дар тамоми кишвар ба таври доимӣ неруи барқ интиқол дода мешавад.
Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» сабаби рӯзона ба таври доимӣ додани неруи барқро аз истифодаи оқилонаи барқ, ба кор оғоз кардани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва баланд шудани оби дарёи Вахш маънидод карданд.
«Сухан танҳо сари бардоштани маҳдудияти рӯзона меравад. Ҳоло дар мавриди шабона додани барқ сухан гуфтан барвақт аст, зеро нав моҳи дуюми зимистон шурӯъ шудаву ҳоло хунукиҳо дар пешанд»,-хабар додааст манбаъ.
Ба иттилои ширкат, акнун сокинони навоҳии кишвар ба ҷои 12 соат неруи барқи пешина 17 соат бо барқ таъмин мешаванд.
Зимнан ШСХК «Барқи Тоҷик» аз муштариён эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки неруи барқро самараноку сарфакорона истифода намуда, ҳаққи онро сари вақт пардозанд.
АМИТ «Ховар»