Бахши ҷавонони шаҳри Норак ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ҷавон семинар доир кард

Дар асоси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак дар мавзўи «Дастгирии соҳибкорони ҷавон» семинари омӯзишӣ баргузор намуд. 
Дар семинар ҷавонони фаъоли ҷамоатҳои деҳоти Дўконию Пули Сангин, минтақаҳои манзилӣ, корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, доир ба афзалият ва камбудиҳои соҳибкорӣ, истифодаи бартарӣ барои ба даст овардани муваффақиятҳо, сифатҳои соҳибкори маваффақ маълумот пайдо намуданд.
Иштирокдорон зикр карданд, ки ин хусусиятҳоро минбаъд дар фаъолияти соҳибкориашон истифода менамоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: