Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Россро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ ба масъалаҳои гуногуни вазъи ҷаҳони муосир, аз қабили шиддатгирии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нақшаю дурнамои марбут ба рушди оянда ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи паст кардани шиддати таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт ва тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда низ шарикони рушди Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд бо роҳи дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ нақши муносиб мегузоранд.
Густариш ва рушди бемайлони ҳамкориҳо дар оянда барои ҳар ду ҷониб судбахшу боровар арзёбӣ гардида ба сатҳи шарикии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар давоми 23 соли охир баҳои баланд дода шуд.
Ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеи бештари ҳамкориҳо таъкид карда, вохӯрии имрӯзаро иқдоми муҳим дар роҳи тақвияти густурдаи шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор арзёбӣ намуданд.