Соли 2016 теъдоди нафақагирон 2,8 фоиз афзоиш ёфт

Дар ҷумҳурӣ 642 ҳазору 927 нафар нафақагир буда, ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 466 нафар ё 2,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин бора имрӯз, 16 январ зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода маълумот дод.
Бино ба гуфтаи Назокат Одиназода, дар ин давра андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнатӣ 274 сомонӣ, суғуртавӣ 284 сомонӣ ва иҷтимоӣ 144 сомониро ташкил намуд.
«Андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 272 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 сомонӣ ё 18,2 фоиз зиёд гардидааст»,-   илова намуд муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба маълумоти Назокат Одиназода дар айни замон ягон супориш оид ба баланд намудани нафақа дар соли 2017 аз ҷониби Ҳукумати кишвар дода нашудааст.

 

Tags: