Хабар

Имрӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад

Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.
Бино ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, 12 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Истанбул ба 39 нафар расид

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Истанбул ба 39 нафар расид. Дар ин бора рӯзномаи «Hürriyet»-и Туркия хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, миёни қурбониён 30 нафар полис ва 8 нафар сокинони осоишта буда, шахсияти 1 каси дигар номаълум мебошад.
Чанде пеш дар бораи 38 қурбонӣ иттилоъ расида буд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Туркия, 155 нафар ҷароҳат бардошта, 14 каси онҳо дар шуъбаи интенсивӣ бистарӣ шудаанд.

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар робита ба ҳалокати даҳҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди онҳо бар асари таркишҳои фоҷеабор дар назди варзишгоҳи шаҳри Истанбул тасаллияти инҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия ирсол медорам.

Страницы