Омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи атласу адрасбофии Суғд
Опубликовано вт, 20/12/2016 - 15:24 пользователем tvtИнтизор меравад, ки таҷрибаи пешрафтаи ҳунари атласу адрасбофии вилояти Суғд дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш ва роҳандозӣ қарор гирад.
Дар робита ба ин дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳёи ҳунарҳои миллии атласу адрасбофӣ бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Шакарбек Самадзода- муовини раиси шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд рафт.