Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол тасдиқ шуд
Опубликовано вт, 20/12/2016 - 13:46 пользователем tvtТақвими бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаҳои иштироккунанда дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия мегузарад, тасдиқ шуд. Аввалин бозиашро дастаи мунтахаби то 18-солаи Тоҷикистон 8 январ, дар соати 14:00 ба вақти Душанбе дар гурӯҳи «А» бо дастаи мунтахаби Юнон барпо мекунад.