Хабар

Дастгирӣ аз ташаббуси сиёсати хориҷии Тоҷикистон оид ба «Дипломатия дар соҳаи об»

Дар мавзӯи «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ки аз донишгоҳ хабар доданд, дар кори он кормандони филиал ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Дар ҳамоиш масъалаи инкишофи устувори низомҳои вобаста ба об дар шароити иқлими хушк, ташаббуси сиёсати хориҷии Тоҷикистон оид ба «Дипломатия дар соҳаи об» ва мушкилоти оби тоза баррасӣ шуданд.

Дар Кумитаи рушди маҳал барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ баррасӣ гардид

Дирӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода вобаста ба барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ бо овардани далелу арқоми боварибахш сухан гуфта, иҷрои онро воқеӣ хонд.

В. Путин ва Б. Асад созиши оташбас дар Сурияро баррасӣ намуданд

Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти Сурия Башор Асад зимни суҳбати телефонӣ созиши оташбас дар Сурия ва гузариш ба раванди сиёсиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад.
Зикр мешавад, ки роҳбари Сурия ба созиш баҳои баланд дода, баҳри риояи он изҳори омодагӣ кард.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гуфтушунидҳои Остона доир ба ҳалли мусолиматомези Сурия «қадами муҳиме дар роҳи ниҳоии ҳалли буҳрон хоҳад буд».

Страницы