Осорхонаи таърихии «Қалъаи Балҷувон» бунёд гардид
Опубликовано чт, 15/12/2016 - 14:02 пользователем tvtАз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон осорхонаи таърихии «Қалъаи Балҷувон» сохта шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, «бинои таърихӣ бо хиштҳои пухта ороиш дода шуда, даромадгоҳои он аз ҷониби кандакорони боҳунар ороиш ёфтааст».