Омодагии "Истиқлол" дар Туркия давом дорад

Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки тайёриро ба мавсими нав дар Туркия идома медиҳад, дирӯз бозии навбатии санҷишии худро бо дастаи «Пандурий»-и Руминия баргузор кард. Тавре сомонаи расмии «Истиқлол» хабар медиҳад, ин бозӣ бо натиҷаи 0:1 бо ғалабаи футболбозони «Пандурий» ба охир расид. Голи ягонаро Драгош Фиртелеску дар дақиқаи 33-юм ба нишон расонд.
Ин вохӯрии 3-юми «Истиқлол» дар Туркия аст. Аз ин пештар дастпарварони Мӯҳсин Муҳаммадиев бо «Интер»-и Озарбойҷон (1:2) ва «Қайсар»-и Қазоқистон (1:3) бозии санҷишӣ гузаронида буданд.
Дар идомаи тайёриҳо ба мавсими соли 2017 «Истиқлол» дар Туркия боз як вохӯрии санҷишии худро бо КФ «Енисей»-и Россия мегузаронад.
Бозии санҷишӣ
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Пандурий» (Руминия) 0:1
Муаллифи гол: Драгош Фиртулеску, 33.
Ҳайати «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 72), Артем Барановский (Соҳиб Саванқулов, 78), Амирбек Ҷӯрабоев (Фаридун Шарифов, 83), Муҳаммад Ҳасан (Дилшод Восиев, 80), Дэвид Мавутор, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 69), Ҷаҳонгир Эргашев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Дмитрий Барков, Ристо Ристович (Эҳсони Панҷшанбе, 69), Манучехр Ҷалилов (Сиёвуш Асроров, 75).
Довари майдон: Ясин Дуран (Туркия).
26 январ. Сиде (Анталия). Маҷмааи варзишии «Эмирхан».

Tags: