Хабар

Мулоқоти вакилони МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Хоруғ

Сафари навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба ВМКБ, ки ҳадафи он шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат мебошад, аз мулоқот бо сокинони маҳалаи Хоруғи боло оғоз ёфт.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Бозӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 21 январ барпо мегардад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори дигар дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин аз силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ аз дастаи мунтахаби Литва бо натиҷаи 4:5 мағлуб шуд. Ин бозиҳо барои ба даст овардани мақоми аз 13 то 16 ба ҳисоб мерафтанд. Дар бозии гузашта низ футболбозони мо бо ҳамин услуб аз дастаи мунтахаби Беларус бо ҳисоби 7:6 дучори мағлубият шуда буданд.

Страницы