Дар Кумитаи рушди маҳал барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
Опубликовано пт, 30/12/2016 - 12:30 пользователем tvtДирӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода вобаста ба барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ бо овардани далелу арқоми боварибахш сухан гуфта, иҷрои онро воқеӣ хонд.