Рақобати “Равшан” ва “Ҳулбук”  дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ

Дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ҳулбук»-и Восеъ аз минтақаи Хатлон  пас аз роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ 8-уми феврали соли равон барои дарёфти ҷои аввал бо ҳам мубориза хоҳанд бурд.

Ба иттилои сомонаи расмии ФФТ дирӯз дар бозии аввали нимниҳоӣ дастаҳои «Парвин»-и Бохтар ва «Ҳулбук»-и Восеъ дар вақти асосӣ ғолибро муайян накарданд ва вохӯрӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамъбаст шуд. Дар задани силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ толеи футболбозони «Ҳулбук» баландӣ кард ва бо натиҷаи 5:4 ғолиб омаданд.

Гуфта мешавад, дар ҷуфти дуюми бозиҳо «Равшан» бар «Саройкамар» бо натиҷаи 4:2 пирӯз гардид.

Ба ҳамин тартиб аз ҳашт дастаи иштирокдори бозиҳои ниҳоӣ Ҷоми ФФТ-2017 ҳафт дастааш муайян шуд. Инҳо «Ҳосилот»-и Фархор, «Хайр»-и Ваҳдат, «Регар-ТадАЗ», «Хуҷанд», «Равшан», «Ҳулбук» ва «Кӯктош» мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки бозиҳои ниҳоӣ аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд ва дар он 8 дастаи беҳтарин аз се минтақа- Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон ширкат меварзанд

Tags: