Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар як моҳи аввали соли равон ҳудуди 50 нафар меҳмони хориҷӣ боздид карда, бо шароити он аз наздик ошно шудаанд.
Дар ин хусус аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар инчунин илова карданд, ки моҳи январи соли равон 3 ҳазору 144 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Гуфта мешавад, ки ин омоор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 692 нафар зиёд мебошад.
Сарчашма ҳамчунин афзуд, ки моҳи январи соли 2016 42 ҳазору 575 нафар хонандагон вориди китобхона шуданд, ки ин рақам дар моҳи январи имсола 52 ҳазору 289 нафарро ташкил намуд.