Хабар

Пагоҳ дар Сирки давлатӣ «Афсонаи солинавӣ» баргузор мегардад

31 январи соли равон дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакон ва наврасон намоиши сиркӣ таҳти унвони «Афсонаи солинавӣ» баргузор мегардад. 
Кӯдакон ва наврасонро барномаи шавқовару гуногунжанри сиркӣ, ба мисли гимнастҳо дар ҳалқа, гимнастҳо дар глобус, кордбозҳо, масхарабозон ва намоишҳо бо ҳайвонҳои хонагӣ интизоранд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар барнома ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон маҳорату истеъдоди нодири худро намоиш медиҳанд.

Паёми Пешвои миллат — сарчашмаи рушди низоми бонкии мамлакат

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Тавре ки аз БМТ хабар доданд, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар бобати аҳамияти Паёми Сарвари давлат, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дастуру супоришҳои додашуда сухан гуфт.

Суғд: Ярмарка-фурӯш бо пешниҳоди 268 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба соли нави мелодӣ дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣдоир шуд.

Страницы