Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бо дастаи «Дордой»-и Қирғизистон дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бозӣ мекунанд.
Ба иттилои сомонаи расмии ФФТ дирӯз дар бозиҳои баргашти пешакии Ҷоми КФО ин дастаҳо аз натоиҷи ду вохӯрӣ ба даври плей- офф роҳхат гирифтаанд.
Гуфта мешавад дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Ҳосилот»-и Фархор бо чемпиони Афғонистон- «Шоҳин Асмоӣ» бозӣ карда, ҳисоби ба худ мувофиқ- 0:0-ро ҳосил кардааст. Ин натиҷа имкон дод, ки «Ҳосилот»-и Фархор аз натиҷаи бозии аввал(1:0) ба даври минбаъда гузарад.
ЪҲамчунин дастаи «Дордой»-и Бишкек дар Туркманистон соҳибони майдон-дастаи «Балкан»-ро бо ҳисоби 1:2 мағлуб кардааст.
Сарчашма меафзояд, ки 21 феврал «Ҳосилот»-и Фархор дар бозии аввали плей-офф ба дидори дастаи «Дордой»-и Бишкек меравад.