Кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор, сармутахассиси соҳаи заминсозии шаҳри мазкур бо гумони гирифтани пора дастгир кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбаршуда ҳамчун шахси мансабдор, аз ваколатҳои мансабиаш истифода намуда, 4 феврали соли равон ду қитъаи замини наздиҳавлигиро дар масоҳати ҳар кадомаш 0,06 га, ҷамъ 0,12 га-ро дар ҳудуди деҳаи Булбулчашмаи ҷамоати деҳоти Ҳисор ба номи зани 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Алмосӣ ҷудо карда, аз шавҳари номбурда, марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр 6 ҳазор сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.
Гуфта мешавад, нисбати дастгиршуда аз тарафи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қисми 2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.