Хабар

Дар соли 2016 дар вилояти Суғд 711 дугоник ба дунё омаданд

Дар соли 2016 дар Таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд 6 ҳазору 253 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд, ки аз он 3143 нафарашон писар ва 3110 нафарашон духтар мебошанд. Аз шумораи умумии кӯдакони тавлидшуда 242 нафар дугоник ва 1 сегоник мебошанд. Новобаста аз он, ки соли сипаригашта шумораи умумии кӯдакони тавлидшуда нисбат ба соли 2015   90 нафар камтар аст, вале таваллуди писар дар соли гузашта бо қиёс ба солҳои пешин афзудааст.

Қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» аз сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДПДТТ) дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ- назариявӣ оид ба қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, доир гардид.

Агентии обуҳавошиносӣ: Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе ҳаво бебориш мешавад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар пойтахти кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.

Страницы