Дар доираи 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизои «Продэкспо-2017» озмуни байналхалқии «Маҳсулоти беҳтарин-2017» доир гардид, ки дар он аз байни 105 ширкат маҳсулоти ҶСП «Евроазия-2005»- обҳои ташнашикани «Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» беҳтарин дониста шуда, ғолиби озмун ва соҳиби медали тилло шуданд. 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизоии «Продэкспо-2017» аз 6 то 10 феврал дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардид,
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар намоишгоҳи мазкур бо роҳбарии масъулини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар баробари зиёда аз 2000 ширкат аз 57 давлати дунё, намояндагони корхонаҳои ҶДММ «Нурфуд» ва ҶДММ «Оро Исфара»,ҶДММ «Абрикос и К»,ҶСП «Евроазия-2005», ҶДММ «Сахо и К», ҶДММ «Роҳи сомон» ва ҶДММ «Тавҳид ва компания» бо пешниҳоди молу маҳсулоташон ширкат варзиданд.
Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳ аз барпо намудани робитаҳои судманд байни давлатҳо, тақвияти рушди устувори иқтисодиёт, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияи нав ва дар ин замина ташкил намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ки ба зиёд шудани гардиши тиҷорати берунӣ ва рушди иқтидори содиротии вилоят мусоидат менамоянд, иборат буд.
Манба: Амит"ХОВАР"