Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия самимона табрик менамоям.
Мо густаришу таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо Германия аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон медонем ва ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем.
Боиси қаноатмандист, ки ҳамкориҳои созандаву рушдёбандаи мо дар натиҷаи саъю талошҳои муштараки солҳои охир пайгирона вусъат ёфта, мазмуну муҳтавои фарохтарро касб кардаанд.
Умедворам, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, муносибатҳои ду кишвар боз ҳам рушд хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳҳатмандиву саодат ва дар ҷодаи амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дӯсти Германия ва мардуми он амну амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».