Хабар

Дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгирии Соли ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавонону донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳр ба муносибати Соли ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид. Дар ҳамоиш ҷавонон аз назди Муҷтамаи 2700- солагӣ то Майдони парчам роҳпаймоӣ карданд.
Муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова изҳор дошт, ки ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат дар баргузории барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ иштироки фаъолона намуда, дар рушду нумӯи ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва бо мақсади рушди минбаъдаи драматургияи миллӣ озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад.

Баррасии масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар Душанбе

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ 5 январ мулоқот анҷом дод.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон ва таҳкими ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амният табодули назари судманд сурат гирифт.

Страницы