Дар асоси Консепсияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ Тоҷикистон бояд то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳро қабул кунад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз аз 119 адад ширкатҳои сайёҳӣ 51 ададашон ба туризми содиротӣ машғул буда, боқимонда танҳо ба ҷалб кардани сайёҳон машғул мебошанд.
«Агар дар соли 2013 ширкатҳои сайёҳӣ 90 ададро ташкил медоданд ин шумора дар соли 2017 ба 119 адад расонида шуд. Ҳоло дар Тоҷикистон мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ мавҷуд буда, бо сабаби ба таври мушаххас дар бозори сайёҳӣ муаррифӣ нагардидани имкониятҳои ин мавзеъҳо дар хатсайрҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ворид нашудаанд»,- гуфт манбаъ.
Манба: АМИТ"ХОВАР"